Ҳодисаҳои фоҷиабори нақлиётӣ
17-уми июли соли 2024, тахминан соати 18:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аванте», Қурбонова Фарзона Мироновна, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар километри 121+800 шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии тахминан 250 метр сарозер шуда, ба дохили «Фон-Дарё», ғарқ гардидааст
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Олимова Мунира Ҳалимовна, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Панҷ, хурдсол Камолова Элмира Орифҷоновна, соли таваллудаш 2022, Қурбонова Амина Мироновна, соли таваллудаш 2007 ва Қурбонова Замира Мироновна, соли таваллудаш 2003, сокинони шаҳри Душанбе бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Хурдсол Камолов Руслан Орифҷонович, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҷасадҳои Қурбонова Ф.М., Олимова М.Х ва Камолова Э.О. аз соҳили дарё дарёфт гардида, ба сардхона дастрас карда шуданд.
Ҷиҳати дарёфт намудани ҷасадҳои Қурбонова А.М. ва Қурбонова З.М. корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
18-уми июли соли 2024, соати 03:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Шакман”, Муҳиддинов Абдуҷабор Маҷидович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии тахминан 90 метр сарозер чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Муҳиддинов А. ва мусофири автомашинаи мазкур Саёди Саидхон, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.