Дастгир гардидани зани 45-сола ба ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Вахш аризаи зани 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 16-уми июли соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар дохили автобуси мусофиркашонӣ қарор доштанаш 1-адад ҳамёнашро, ки дар дохилаш 700 доллари амрикоӣ, 40 сомонӣ ва 1-адад шиносномаи миллиаш буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро зани 45-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.