Қасдан лату кӯб намудани пирамарди 73-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 8-уми июли соли 2024, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар назди хонаи истиқоматиаш бинобар ба миён омадани муносибати оштинопазирӣ бо амакаш пирамарди 73-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо мушт 1-маротиба ба рӯяш задааст, ки охирин ба замин афтида, сараш ба сахтии замин бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.