Дастгир гардидани нафарони гумонбар ба дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 13-ум ба 14-уми июли соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба маркази бозиҳои компютериаш даромада, аз онҷо 2-адад таҷҳизоти “Сони-5” бо 5-адад фитта ва 1-адад ноутбукро, ки арзиши умумиашон 22 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ҷавони 18-солаи сокинони ноҳияи Ёвон содир намудаанд.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 13-уми июли соли 2024 ба мағозаи ӯ, воқеъ дар шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ даромада, аз он ҷо 35 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 34-солаи сокини шаҳри Ваҳдат содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.