Се ҳодисаи нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар
12-уми июли соли 2024, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ашуров Исмоил Шамсуддинович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи Ғаниев Меҳроҷиддин Абдусаидович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрда, автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ҳаракатро давом дода ба симчӯби бетонӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдураҳмонов Алимардон, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, баъди якчанд соат ба ҳалокат расидааст.
12-уми июли соли 2024, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Элантра», Олимов Саидаъзам Саидакрамович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Айнӣ-Панҷакент” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Қодиров Шаҳром Беҳзодович, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Панҷакентро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Қодиров Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
12-уми июли соли 2024, тахминан соати 11:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ренҷ Ровер Спорт”, Қурбонов Аҳмадҷон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 2002, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Турсунзода” аз самти Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Ҷаборова Амина, соли таваллудаш 2016, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ Ҷаборова А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол додан ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.