Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб аризаи ҷавони 18-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 30-юми июни соли 2024, тахминан соати 13:00, ҳангоми дар маҳаллаи Ш.Шоҳин қарор доштанаш шахсе ӯро бо истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ як мушт ба даҳону биниаш зада, аз дасташ 1-адад телефони мобилиашро, ки арзишаш 1 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад, ошкоро ғорат намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷинояти мазкурро ҷавони 21-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе 8-уми июли соли 2024, шабона дар кӯчаи Гипрозем тариқи ошкоро марди 66-солаи сокини шаҳри Душанберо ба мақсади ғорат намудан ҷайбҳояшро кофтуков карда, чизе наёфта ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.