Ошкор шудани якчанд ҳолати фиреби шаҳрвандон бо истифода аз боварӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2022, зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 465 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 52-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми декабри соли 2021, дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе марди 45-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 13 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз ду моҳ онҳоро бармегардонад, аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аз моҳи апрели соли 2022 то моҳи октябри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии зани 44-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, дар 19 ҳолат аз ӯ ба маблағи 174 ҳазору 700 сомонӣ гирифта, ваъда додаст, ки аз заминҳои ҳудуди деҳаи Ҳилолии ҷамоати деҳоти Кумсангир 0,8 га қитъаи заминро барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 27-уми феврали соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини ноҳияи Фархор даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи шахсияш тамғаи «КИА-К5»-ро ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, ваъда додааст, ки маблағи автомашинаро дар ду марҳила, яъне 60 ҳазор сомониро баъди 3 шабонарӯз, боқимонда 75 ҳазор сомониро то моҳи апрели соли 2024 бармегардонад ва барои ба боварӣ даромадан ҳуҷҷатҳои хонаашро ба ҷабрдида барои бо худ нигоҳ доштан пешниҳод кардааст.
Гумонбаршаванда автомашинаро ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ фурӯхта, маблағро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.