Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 37-сола бо ҷурми дуздии дучарха

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3-юми июли соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозаи фурӯши нӯшокиҳо, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав як адад дучархаи тамғаи “Энерҷи”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

06.07.2024 12:29
18